Ҷамъомади методӣ-таълимии афсарон оид ба таъминоти соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи марказ, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ, давоми ду рӯз ба таври назариявӣ ва ҳам амалан дар машқгоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон ташкилу ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиа, зимни машғулиятҳои назариявӣ, ки дар синфхонаҳои таълимии ин машқгоҳи саҳроӣ ташкилу гузаронида шуд, афсарони ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи ақибгоҳӣ мавзуву масъалаҳоро дар самти коркарду самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасони назди қисмҳои ҳарбӣ, тартиби дурусти нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, саривақт ташкил намудани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосилро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Гуфта мешавад, дар назди заминҳои хоҷагии ёрирасони қисму воҳидҳои ҳарбӣ ташкили нуқтаҳои парвариш ва нигоҳубини чорво ва мурғхонаҳо яке аз талаботи асосӣ дар рафти ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ буд, ки афсарони соҳа дар Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳолати ташкил ва истифодабарии босамари чунин нуқтаҳои таъминотӣ дидан намуданд.
Масъулини роҳбарикунандаи самти ақибгоҳии Вазорати мудофиа бо назардошти сатҳи баланду босифати таъминоти ақибгоҳии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки доимо мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарияти Олии мамлакат қарор дорад, зимни намоиши навъҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста ба тарзи дурурсти нигоҳдорӣ, саривақт ва самаранок исифодабарии он дар қисму воҳидҳои низомӣ ба афсарони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.