Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 7,9 фоиз зиёд гардидааст

Дар нимсолаи якуми соли 2023 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 13224,3 млн. сомонӣ ё 110,4 фоиз ва чорвопарварӣ 5434,4 млн. сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил додааст.

Дар ин бора ҷаласаи ҳайати мушовара Вазорати кишоварзӣ хабар дода шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 фоиз ва  бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил дода, суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоиз афзоиш ёфтааст.

      Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 70,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 29,1 фоиз баробар гардидааст. Гуфта мешавад, ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли мевагиҳо, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд гардидааст, мусоидат намудааст. Аз ҷумла истеҳсоли зардолу нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 баробар зиёд мебошад. Инчунин афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ба андозаи 10,2 фоиз, полизӣ 5,4 фоиз ва ғалладонагиҳо 2,5 фоиз мусоидат намуд..