Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки қаблан соли 1993 дар Ҷумҳурии Узбекистон барои содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки номбурда, шаби 9 ба 10-уми июли соли 2023, тахминан соати 00:30-дақиқа, ҳангоми дар манзили истиқоматии марди 69-солаи сокини шаҳри мазкур қарор доштанаш, ҳарду бо истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шуда, гумонбаршаванда бо соҳибхона баҳсу муноқиша карда, сипас, корди хоҷагиро гирифта се маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.