Имзои Созишмонаи «Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл» байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба «Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл» сурат гирифтааст.

Сомонаи расмии Вазорати молия хабар медиҳад, ки Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Роҳбари Намояндагӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раймундас Кароблис ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии Барномаи мазкур амалӣ намудани ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ ва буҷетикунонии барномавӣ, дастгирии низоми таҳсилоти техникӣ/касбӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, маблағи созишномаи болозикр 30,0 млн евроро ташкил намуда, пурра маблағҳои грантӣ мебошад.