Ҷамъомади методӣ-таълмии афсарони соҳаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро масъулини роҳбарикунандаи ин самти хизмат дар Артиши миллӣ оғози расмӣ бахшида, оид ба ҳадафу моҳияти он, маърифату ҷаҳонбинии ҳарбӣ-сиёсии хизматчиёни ҳарбӣ, доир ба вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизомӣ ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳавии онҳо ибрози назар карданд.
Дар ин бораи сомонаи расмии Вазорати мудофиа хабар дода, таъкид доштааст, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад ё худ афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявиро ҷиҳати боз ҳам қавӣ ва мустаҳкам намудани инзоми ҳарбӣ ва донишу малакаи касбии ҳайати шахсӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.
Дар қисмати дигари ҷамъомад вохӯриву мулоқоти афсарони соҳа бо намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ҷамъомад иштирокчиён бо пешниҳоди маърӯзаҳо дар мавзӯи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ғуруру ифтихори миллӣ, тартиботу волоияти қонун дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва татбиқи бомароми сиёсати давлатии ҷавонон баромад намуда, ҳамзамон бо дарназардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон масоили марбут ба ин самтро низ муҳокима намудаанд.