Рӯзи 7 июли соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби Президент – котиби корпоративии Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ – Люджер Шукнехт баргузор гардидааст.
Тавре Вазорати молия медиҳад, дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд.