10 июли соли 2023 Дафтари Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб Ҷануб ва Намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Африқои Ҷанубӣ дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор чорабинии канории муштаракро зери унвони “Ҳамкории Ҷануб-Ҷануб ва сеҷониба барои мубориза бо буҳронҳои энергетикӣ ва иқлим-бо истифодаи технологияҳои гуногун барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор намудааст.
Тавре Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ҳадафи чорабинии мазкур муарифӣ намудани нақши муҳими механизмҳои Ҳамкории Ҷануб-Ҷануб ва сеҷониба дар интиқоли технология ва эҷоди иқтидори устувор барои таъмини дастрасӣ ба энергия ва оби тоза барои ҳама буд.
Гуфта мешавад, ки намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни баромади худ ба ҳайси панелист, дар бораи мушкилиҳои соҳаи обу иқлим ва роҳҳалҳои он табодули афкор намуда, аҳаммияти ташаббусҳои кишварро дар ҳаллу фасли ин буҳронҳо таъкид кард.