Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023 рӯзҳои 3 – 9 июли соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардидааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.
Вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.