1 июл дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмӣ—таҳқиқотии «Пайвастҳои координатсионӣ» мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ифтитоҳи озмоишгоҳ ректори Донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати устодону кормандон иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин озмоишгоҳ дар заминаи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ифтитоҳ ёфт.
Таъкид гардид, ки замони муосирро бе химия ва дастовардҳои саноати химиявӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Соҳаҳои саноати химиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир низ тараққӣ менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2800 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар онҳо даҳҳо дастпарварони Донишгоҳ фаъолият менамоянд.
Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пайвастҳои координатсионӣ» баъди навсозӣ бо асбобҳои муосири дақиқсанҷ ва ченкунанда кушода шуд, ки аз чунин маводу таҷҳизот, аз қабили маводҳои химиявии аввалия, лигандҳои аз ҷиҳати биологи фаъол, намакҳои металҳои интиқолӣ, лавозимоти озмоишгоҳӣ, яхдон барои нигоҳдории моддаҳо, иономерҳои дақиқсанҷ, электродҳои навъи якум ва дуюм, ҳамоми обӣ, микроскопҳои электронӣ, асбоб барои муайян намудани миқдори гидрогени таркиби маҳлулҳо ва маҳсулотҳо, дастгоҳи дистилятор барои тақтири об, спектрофотометрҳо, рефрактометр, кондуктометр, тафдони нигаҳдорандаи ҳароратҳои баланд ва миёна, дастгоҳ барои мутаъдил нигоҳ доштани ҳарорати маҳлулҳо, тарозуҳои электронӣ барои муайян намудани вазни моддаҳо, штативҳои металлӣ барои доштани колбаҳо ва пробиркаҳо, омехтакунак, компютерҳо ва ғайраҳо иборат мебошанд, ки барои анҷом додани корҳои илмӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Озмоишгоҳи мазкур бо навтарин таҷҳизоти илму техникаи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст, ки муҳаққиқон метавонанд таҳқиқотҳои илмии худро дар самти синтез, таҳқиқ ва ташхиси пайвастҳои координатсионӣ бо усулҳои гуногуни физикию химиявӣ бе мушкилӣ гузаронанд. Ҳамзамон дар ин озмоишгоҳ донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, докторантони РhD ва докторантони анъанавӣ метавонанд корҳои илмӣ таҳқиқотии худро гузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳи мазкур аз соли 1970 инҷониб фаъолият намуда, дар пояи он 5 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ омода ва дифоъ карда шудааст. Айни ҳол 4 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафари дигар рисолаҳои номзадии худро омода менамоянд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикстон яке аз марказҳои муҳими омодакунии кадрҳо дар самти мутахассисони омӯзгорӣ, муҳандисӣ ва технологӣ дар соҳаи химия ва технологияи моддаҳо ба ҳисоб рафта, дастпарварони он имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни дохил ва хориҷи мамлакат фаъолият доранд.