Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форум оид ба маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқози Ҷанубӣ ба кори худ оғоз намуд.
Рӯзи якуми Форум оид ба маблағгузории иқлимӣ майдоне фароҳам оварда шуд, то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Нақшаи татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншударо (ССММ) пешниҳод кунад, ки дар он тафсилоти стратегияи кишвар барои ноил шудан ба Ҳадафҳои ССММ ва саҳмгузорӣ дар ноилшавӣ ба ҳадафҳои ҷаҳонии Созишномаи Париж шарҳ дода шуданд.
Азбаски дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ барои татбиқи бомуваффақияти ССММ-и Тоҷикистон муҳим аст, дар Форум иштирокдорон барои ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳими маблағгузории иқлимӣ ҷамъ шуда, муҳокимаронӣ намуданд.
Шумораи иштирокдорон зиёда аз 130 нафар буд ва намояндагон аз кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Қирғизистон , Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон , намояндагони институтҳои молиявӣ, бонкҳои бисёрҷонибаи рушд ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат намуданд. Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон бо рушд додани ‘Иқтисоди сабз” саҳми босазои худро дар ҳифзи муҳити зист гузошта истодааст ва ин лоиқи дастгирист.
Хотиррасон мекунем, ки Форуми мазкур то рузи 7-уми июли соли равон идома хоҳад ёфт.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”