Шоми дирӯз дар боғи фарҳангиву фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барномаи фарҳангии омода намудаи санъаткорони ноҳияи Шаҳритус иборат аз савту суруд ва рақсҳои миллӣ манзури сокинони пойтахт гардонида шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода баромад карда, қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат – Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон пайваста чорабиниҳои барҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд ва ҳоло қарор аст, ки то ҷашни истиқлоли давлатӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фархангии шаҳри Душанбе пайваста консерту барномаҳои фарҳангӣ доир карда шаванд.
Дар идома муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Қаҳҳор Усмон баромад карда, иброз намуд, ки дар барномаи консети дар баробари санъаткорони ноҳияи Шаҳритус, инчунин устураҳои санъати вилояти Хатлон, овозхонҳои маҳбуби кишвар, ҳунармандони халқии Тоҷикистон устод Амриддини Кабирӣ ва устод Маҳмадалӣ Аюбӣ ҳам баҳри болида гардонидани табъи ҳозирин ишрок намудаанд.
Дар идома барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба намояндагони ноҳияи Шаҳритус ҷиҳати роҳандозӣ намудани барномаи фарҳангӣ сипоснома тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки қабл аз оғози барномаи консертӣ дар боғи фарҳангиву фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таъомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шаҳритус доир гардида буд.
Сарвинози Сайдалӣ,
Радиои Тоҷикистон