Муҳаммадҷон Раҳимов ба дастаи «Бухоро»-и Ӯзбекистон гузариш мекунад

Футболбози тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳайъати дастаи «Бухоро» мепайвандад. Тарафҳо аллакай дар мавриди гузариш ба мувофиқа расидаанд ва бозингар ба наздикӣ ба сафи ин меояд. Хабарро аллакай журналист Абдулазиз Искандаров тасдиқ намудааст.

Сармураббии даста Улуғбек Бақоев бисёр мехоҳад, ки Муҳаммадҷонро дар ҳайъати дастааш бубинад.

Футболбози тоҷик дар равзанаи хариду фурӯши зимистона аз «Истиқлол» ба сафи «Насаф» гузариш карда буд. Аммо дар ин муддат бо пироҳани ин даста дар Суперлигаи Ӯзбекистон ду маротиба ба майдон баромада, 28-дақиқа майдондорӣ кардааст. Дар як бозии дигар дар Ҷоми Ӯзбекистон танҳо 46-дақиқа майдондорӣ намудааст.