Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ дар маросими ҷоизасупории Мусобиқаи «CAFA Nations Сup-2023» иштирок намуданд

Дар шаҳри Тошканд Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ҷоизасупории Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ «CAFA Nations Сup-2023», ки дар он мунтахаби Эрон пирӯз шуд, иштирок намуданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар бозии финалӣ мунтахаби Эрон бар яккачини Узбекистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Уммон бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар натиҷаи мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба тими миллии Узбекистон супорида шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа ва беҳтарин бозингарро ҳамлагари эронӣ Меҳди Торемӣ (6 гол) ба даст овард. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа дарвозабони тими миллии Уммон Иброҳим Солеҳ Ал-Муҳайнӣ дониста шуд.