Амалиёти “Нелегал- 2023” дар вилояти Хатлон оғоз шуд

Мутобиқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъии СААД оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии “Нелегал-2023”, ки аз 15 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии “Нелегал-2023”, дар ду марҳила гузаронида мешавад.

Марҳилаи якуми амалиёт бо номи “Нелегал-Трафик” аз 19 то 25 июни соли 2023 ва марҳилаи дуюм бо номи “Нелегал-Кордон” аз 2 то 8 октябри соли 2023.

Амалиёти мазкур бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули Раёсати ВКД, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.

Вазифаҳои асосии амалиёти мазкур, санҷиши тартиби риояи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншоотҳои корӣ, ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.

Амалиёти “Нелегал-2023” айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.