Даври дуюми озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” дар ноҳия Исмоили Сомонӣ оғоз гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии баълимии литсеи рақами 65 – уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” оғоз гардид. Дар ин давр аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе наздики 300 нафар иштирок менамоянд.

Имрӯз мувофиқи ҷадвали баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни колеҷу донишгоҳҳо аз санҷиш гузаронида мешаванд. Файзигул Хайруллоева хонандаи синфи 5 – и МТМУ рақами 53 – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва иштирокчии озмун мебошад. Файзигул зимни суҳбат бо мо гуфт, ки фанни таърихро нисбати дигар фанҳо зиёдтар дӯст медорад ва хушҳол аз он аст, имсол дар баробари дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, озмуни таърих ҳам роҳандозӣ гардид.

Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши васеъ ва ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи халқи тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, багузор гардида истодааст.

Нигора Холова хонандаи синфи 9 – и МТМУ рақами 53 – и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ва иштирокчии даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” мебошад. Нигора зимни суҳбат ба мо таассуроти худро аз рафти баргузории озмун чунин баён кард:
Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар гирифта, иштирокдорони он гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Баргузории озмуни мазкур баёнгари он аст, ки ҳукумати мамлакат ба хусус Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат омӯзиши таърихи гузаштаамон таваҷҷуҳи махсус доранд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон