Темур Раҳимов дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 медали нуқраро ба даст овард

Дар рӯзи охири мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 паҳлавони сангинвазни ттоҷик Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Дар ин мусобиқа низ мо такрори финали Dushanbe Grand Prix 2023-ро дидем зеро, ки ин навбат ҳам Темур дар финал аз Тамерлан Башаев шикаст хурд.

Рӯзи 18-июн дар шаҳри Остона рақобатҳои рӯзи ҷамъбастии Гранд Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо, -78кг, +78кг миёни бонувон сурат гирифт, ки ҷумҳурии моро 4-варзишгар намояндагӣ карданд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатҳоро аз даври дуюм шуруъ карда, дар рақобати аввалинаш варзишгари фаронсавӣ Ҷозеф Терҳек, дар 1/4 финал бар Валерий Ендовитский, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Саба Инанеишвилӣ пирӯз шуда ба финал баромад. Лекин дар финал аз варзишгари бетараф Тамерлан Башаев мағлуб гардида, медали нуқра ва 7-умин медалро аз мусобиқаҳои Grand Slam ба даст овард. Темур қаблан дар мусобиқаҳои Grand Slam 1-медали тилло, 2-медали нуқра ва 4-медали биринҷӣ дошт.

Варзишгарони дигари кишвар дар ин рӯзи рақобатҳо – Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Исроил Раҳимов (-100кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд. Шакармамад Мирмамадов (+100кг) пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар Азамат Чотчаев аз Баҳрайн, дар даври дуюм аз Гурам Тушишвилии гурҷистонӣ шикаст хурд.

Ногуфта намонад, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудокори шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло даст ёфта буд.

Ёдовар мешавар, ки дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 334-варзишгар (190-мард, 144-зан) аз 42-кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10-варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, ду медал ба даст оварданд.

Тими ҷудои Тоҷикистон бо як медали тилло ва як нуқра дар ҳисоби даставӣ миёни 42-кишвари иштирокчӣ дар ҷои 5-ум мавқеъ гирифт.