Санаи 19 июни соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ муколамаи тиҷоратии сармоягузорони Тоҷикистону Корея баргузор гардид.
Форуми мазкурро бо суханонони ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Каон Донгсон ҳусни огоз бахшиданд.
Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки то ба имруз бо сармоягузории Корея 27 корхона фаъолият менамояд ва имкониятҳо дар самти ҳамкориҳо зиёд аст. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир таъкид дошт, ки дар самти технологияҳои нав метавон ҳамкориро рушд дошт. Захираи инсонии Тоҷикистон бойигарии асосӣ маҳсуб меёбад ва ин дороиро метавон дар ҳамкорӣ истифода намуд.
Дар Форум беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб ширкат доштанд ва ин як фазои хубе барои тавсеаи ҳамкориҳо буд.
Ин форум имкон дод, то соҳибкорон бо ҳам вохӯрии рӯ ба рӯ намуда, миёни корхонаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.