Сомон Маҳмадбеков ба финали Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 баромад

Ҷудокори шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81кг) рақобатҳоро дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 аз даври дуюм оғоз намуд.

Дар ин давр Сомон бо як имтиёзи вазарӣ Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро – Ҳасан Халмурзаев (IJF) шикаст дода, ба даври сеюм роҳ ёфт.

Дар ин марҳила бошад Сомон намояндаи Озарбайҷон Зелим Тскаевро аз сади роҳ дур карда, ба нимфинал баромад.

Маҳмадбеков дар нимфинал бо ҷудокори гурҷӣ Дмитрий Гочилиадзе рақобат намуда, ӯро дар ҳолати осейкомӣ нигоҳ дошт ва ба финал роҳхат гирифт.

Ҳамакнун дар рақобати финалии вазни (-81кг) Сомон Маҳмадбеков бо ҷудокори бразилӣ Гилирме Шмидт барои нишони тиллоӣ мубориза мебарад.