13 июни соли 2023 дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ (RTG) ва Кумитаи ҳамкориҳои гумрукӣ (CCC)-и Созмони ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид, ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода иштирок ва суханронӣ намудааст.
Тавре Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур иштирокдорон масъалаҳо вобаста ба модернизатсияи гумрукӣ, содагардонии савдо, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (SPS), рақамикунонии савдо ва дигар ташаббусҳои фарогир дар доираи Барномаи ҳамгирошудаи савдои CAREC барои давраи то соли 2030 (CITA), тасдиқи ҳисоботи бахши тиҷорат дар соли 2023, инчунин Нақшаи амалии стратегии (RSAP) 2023-2025-ро муҳокима намуданд.