Бо мақсади ҳифзи табиат ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти гунон кишварҳои ҷаҳон маконҳои махсус муҳофизатшвандаро таъсис медиҳанд, то ба ин восита генофонди нодири ҳайвоноту набототи гуногун дар кишварро аз нобудӣ ҳифз кунанд.
Тоҷикистон, ки дорои маконҳои зиёди табиӣ мебошад бо ташкили минтқахои муҳофизатшаванда дар нигоҳдории набототу растаниҳо таъсиргузор ҳаст ва ин масъулият бар души Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади муаррифӣ ва таблиғи маконҳои муҳофизатшаванда, баланд бардоштани маърифати экологӣ ба ин восита ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тибқи нақшаи ташкил ва баргузории клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон сафари навбатӣ ба мавзеи Боғи табии таърихии “Ширкент” сурати гирифт.
Нахуст масъулни Муассисаи Давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва Боғи табии таърихии “Ширкент” оид ба фаъолияти кунунӣ, дастоварду навгониҳои солҳои охири мавзеи мазкур ба таври муфассал ба рӯзноманигорон маълумот доданд.
Тавре Маъруф Шарипов, директори Боғи табиии таърихии “Ширкент” ба рӯзноманигорон гуфт: “Боғи табиии таърихии “Ширкент” дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентиябри соли 1993 таъсис дода шудааст. Мақсад аз таъсис додани парки мазкур гуногкнии биологи ва фауна–флораи, ки дар ҳамин минтақа муаян карда шудааст, нигоҳ доштани ҳайвоноте, ки дар ин муҳит сукунат доранд ва растаниҳои нодири ба китоби сурхи Тоҷикистон дохил шуда мебошад. Бояд гуфт, ки 150 намуди растаниҳо дар ҳудуди парк мавҷуд аст. Ҳол бо кумаки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи Давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” мо бо тамоми шароит таъмин ҳастем ва аз шароитиҳо фароҳам оварда шуда имрӯз ҳама талоши худро дорем то дар оянда хатсайрҳои сайёҳиро ба ин минтақи зебои кишвар ташкил кунем”.
Чизи дигаре, ки Боғи табиии таърихии “Ширкент”-ро вирди забонҳо кардааст, ин изи пойи диназаварҳо меошад. Маконе, ки ҳама мехоҳанд аз онҷо дидан кунанд.
Албатта, ба назари бархеҳо изи динозаврҳо дар ин мавзеъ ривоят аст, вале ҳақиқат он аст, ки бояд аз наздик бубинӣ.
Аъзои клуби экожурналистон тасмим гирифтанд, ки бо дарёфти фурсат изи диназаврро аз наздик бубинанд. Бо вуҷуди он, ки роҳ то он макон танҳо аз як самт наздик ба 6 км-ро ташкил медиҳад. Аммо барои аъзои клуби экожурналистон ин мушкил набуд, зеро ҷангалзорҳои паҳнбарг дар баландиҳои 1800-2600 м аз сатҳи барг, арчазорҳо бошанд дар баландии 2000-3000 метр манзараи зебоеро мемонданд, ки шахс чи гуна қадам заданашро ҳис намекунад. Пас аз дидани чунин маконҳои зебо кас бори дигар эҳсос мекунад, ки Тоҷикистон гушае аз биҳишт аст.
Бояд гуфт, ки ёдгориҳои ғайризинда дар Боғи табиии таърихии “Ширкент” 40 намудро дар бар мегирад, ки ба ёдгориҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ мансуб мебошанд.
Машҳуртарини он изҳои сумҳои динозавр, нишонаҳои тағийрёбии сохт ва вайроншавии харсангҳо дар замонҳои хеле қадим, монеаҳои бузурги дарозияшон беш аз 5-10 км бо баландии 50-100 метр ва чашмаҳои соф воқеъ гардидааст.
Қобили тазаккур аст, ки Клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳе як маротиба бо ташаббуси Кумитаи мазкур гирди ҳам омада, бо фаъолияти бахшҳои мақомоти соҳавӣ ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист ва муаррифии мавзеъҳои дилрабои Ватани азизамон шинос мешаванд.
Дар баробар ин маъмулан экожурналистон моҳе як маротиба аз минтақаҳои махсусҳифзшавандаи табиӣ боздид мекунанд.
Одина Маҳмад
радиои “Тоҷикистон”