Дар мавзуи “Ҷойгоҳи Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосири тоҷик” конференсия доир гардид

Дар доираи тақвими ҷашнвораҳои соли 2023‐юми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Кохи “Суғдиён”‐и маркази вилоят бахшида ба 100‐солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Аминҷон Шукӯҳӣ конфронси илмӣ‐амалии вилоятӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосири тоҷик” бо иштироки шоирону нависандагон ва аҳли адаби вилоят, олимону устодони мактабҳои олӣ, донишҷӯёну ҷавонон, хешону пайвандон ва ҳамдеҳагони шоир бошукӯҳу хотирмон баргузор гардидааст.

Ҳар сол дар моҳи март ба ифтихори гиромидошти шоир озмуни “Шукӯҳихонӣ” дар сатҳи баланд гузаронидаву ҷамъбаст карда мешавад. Шеъру эҷодиёти шоир, ки бо сабки содаву равон ва фаҳмову халқӣ эҷод шудааст, дар дили хурду бузург ҷой гирифтаву насли наврасу ҷавон ва ҷомеаро ба худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, эҳтиром ба зодгоҳу Ватан ва миллату давлат раҳнамун месозад.

Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҷашни 100‐солагии Аминҷон Шукӯҳиро ҷашни тамоми аҳли илму адаб ва миллати тоҷик дониста, аз хизматҳои бузурги шоир дар адабиёти муосири тоҷик, ки бо донишу фарҳанги фавқулоддаи хеш чун пайравону ворисони Садриддин Айниву Абдулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва дигарон бо навҷӯиву навгӯиҳои хеш ҳамчун шоири лирик шуҳрат ёфтааст, ҳарф зад.

Ҳамчунин, декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров профессор Замирахон Ӯлмасова, директори Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дотсент Баҳром Мирсаидов оид ба фаъолият, эҷодиёт ва мақоми Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосири тоҷик бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Аз номи аҳли хонаводаи Аминҷон Шукӯҳӣ рӯзноманигор Мавлуда Ҳоҷибоева баромад намуда, аз муҳити оилаву камолоти шоир, муҳаббату эҳтироми шоир ба модар, авлоду атрофиён ва деҳаи зебоманзараш Рӯмон андешаи хешро иброз дошт. Духтари шоир Махфират Зокирова барои қадршиносӣ ва гиромидошти 100‐солагии падараш Аминҷон Шукӯҳӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипоси фарзандону пайвандони шоирро баён намуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ аз эҷодиёти шоир аз ҷониби ҳунармандони вилоят шукӯҳу анҷомбахши чорабинӣ буд.