Бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Уммонро дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» Кирилл Левников ҳакамӣ мекунад

Ҳайати доварон аз Россия бо роҳбарии Кирилл Левников, бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»-ро дар гурӯҳи «А» миёни тимҳои Уммон ва Тоҷикистон ҳакамӣ менамоянд.

Довари асосии вохӯрӣ довари ФИФА Кирилл Левникови 39-сола ба ҳисоб меравад. Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Андрей Веретешкин ва Егор Болховитин кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Дайирбек Абдилдаев аз Қирғизистон бар ӯҳда дорад. Баҳодир Кочкаров (Қирғизистон) кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Комиссари ин бозӣ Кемел Токобоев аз Қирғизистон таъйин гардидааст.

Бояд гуфт, ки бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» миёни дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад.