Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки расман дар саросари кишвар мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз шудааст.
Ҳавои тоза, нури ҷонбахшои офтоби оламоро ва оббозиву шиноварӣ на танҳо лаззат мебахшад, балки ба унвони як воситаи хуби тарбияи бадан хидмат мекунад. Аммо мутаассифона, баъзан дар канори ин ҳама лаззатҳои ҷонбахшу тансиҳатӣ бахшидан ба инсон гоҳо фоҷеа низ меояд.
Дар ёд дошта бошед, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ метавонад паёмади фоҷеаовар дошта бошад.
Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар истироҳатгоҳҳо дар соҳилҳое, ки маъмулан одамони зиён ҷамъ меоянд, тибқи дастури роҳбарияти КҲФ аз ҳисоби корманду ғаввосон ва духтурону мутахассисони дигари Кумита навбатдорӣ ташкил карда шудааст.
То 12 июни соли 2023 дар обҳои кишвар 56 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон мебошанд. Имдодгарони КҲФ ҷони 15 нафарро аз марг наҷот доданд.
Зарфи шаш моҳи соли 2022 дар обҳои кишвар 84 нафар ҷони худро аз даст дода буданд, ки 38 нафари онҳо бачаҳо ва наврасони то 16-сола буданд.
Комита ситоди пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои об ташкил кардааст. Бо ёрии техникаи махсус корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ шуда, мутахассисон миёни истироҳаткунандагон варақаҳо доир ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариву оббозӣ ва расонидаи ёриҳои аввалияи тиббӣ паҳн мекунанд.
КҲФ бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад ва онҳоро ба риояи қоидаҳои оббозиву шиноварӣ даъват менамояд:
– фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва чун дар соҳили обҳо қарор доред, онҳоро беназорат нагузоред;
– дар маконҳои ношинос оббозӣ накунед;
– дар ҷойҳое, ки нишонаҳои огоҳкунандаи мамнуъ будани оббозӣ овезон карда шудаанд, оббозӣ накунед;
– дар ҳолати мастӣ вориди об нашавем;
– пеш аз он ки вориди об шавед, ба худ ва фарзандонатон камзӯлҳои шиноварӣ пӯшонед. Агар ин гуна имкон надоред, пас талош кунед дар ҷойҳое оббозӣ кунед,ки бехатар бошад;
– дар дохили об бозӣ накунед, бахусус аз амалҳое ба мисли дасту пои ҳамдигарро доштану кашидан худдорӣ намоед.