Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтааст.
Дар ин бора сомонаи Маҷлиси намояндагон хабар дода, зикр кардааст, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои тақвияти кори гурӯҳҳои дустии баӣнипарлумонии Душанбе-Исломобод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону-Покистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҷонибҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин ба Муҳаммад Саид Сарвар, дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намудааст.
Дар мулоқот узви гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён иштирок намудааст.