Имсол аз рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. 26 сол аст, ки сокинони кишвари азизамон зери роҳбарии одилонаву оқилонаи фарзонафарзанди номбардори миллату халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати комил, зери парчами парафшони Ватан, дар ҳимояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ кору зиндагӣ доранд. 26 сол аст, ки насими фораму атрогин ва гулафшону руҳафзои ваҳдати миллӣ ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».
Ба ҳамин маънии тақдирсоз ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад. Андешаи ваҳдат дар фаҳанги миллати тоҷик мақоми хоса дошта, аз тарафи мутафаккирон ва адибонамон ҳамчун омили осоиши ҷомеа дониста шудааст. Устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода фармудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Дар адабиёт ва фалсафаи муосир мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо чун омили субот ва таъмини пешравии кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар фарҳанги миллии мо халқи соҳибиродаву соҳибтамаддунамон хеле хуб арзёбӣ мекунад, ки «Давлат ҳама з-иттифоқ хезад», ки ин дурдонаи маънии халқамон тайи чандин қарнҳо аз насл ба насл ба мерос гузаштааст ва ифшогари афкори халқи қадимаи мост. Ҳамин аст, ки бузургтарин дастоварди таърихии халқи мо дар садсолаи сипаригардида, ки тавассути ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ, роҳбарии дилсӯзонаву падаронаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даст ёфтан ба тифоқиву якдигарфаҳмӣ насибамон гардид, ин истиқрори сулҳи комилу тақдирсоз дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали масъулияти роҳбарии давлату ҳукуматро ба уҳда гирифтан, фарзанди фарзона ва ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш чунин изҳор карда буданд: “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбёнд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем”. Сарвари давлат он вақт бо ин суханони худ барномаи сулҳ ва ваҳдати миллии ояндаро дар кишварамон эълом дода буданд.
Ҳамин тавр, имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳаммияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад.
Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу амонӣ хизматҳои шоиставу зиёде карда, садоқат ба миллату давлату халқи хеш ва сулҳофарӣ чун сифатҳои асосии ин марди шариф маҳсуб меёбанд. Маҳз бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.
Барои ҳамаи мо рӯшан аст, ки пас аз ба имзорасии ин созишномаи тақдирсоз ва ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони азиз мо фазои сулҳу Ваҳдат танин андохта, моро ба зиндагии орому осуда раҳнамун сохт. Ин имкон дод, ки кишвари мо ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта, ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ва пеш гирифтани ислоҳотҳои куллиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ созад. Бахусус, пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳанг, энергетика, роҳҳову коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ба сиёсати стратегии кишвар табдил ёфт. Таи чанд соли охир ин соҳаҳо ба самтҳои асосии фаъолияти ҳукумати кишвар мубаддал гардида, дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -–Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат расонида мешавад.
Бахусус, бунёди шоҳроҳҳои байналмиллалӣ барои пешрафт ва таҳкими Ваҳдати миллӣ таъсири басо бузург расониданд. Ва дар кишварамон орзӯи ҳазорсолаҳо, яъне имконияти тамоми фаслҳои сол сафар ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро муҳайё сохт, ки метавонем аз рӯзгори якдигарамон огоҳӣ ёфта, ба ривоҷи савдо, табодули фарҳангу анъанот миёни якдигар суръат бахшем. Ҳамчунин, ин роҳҳо дарвозаҳоест, ки муносибатҳои некбинонаву ҳамсоягии моро ба дигар давлатҳои ҳамсоя мустаҳкам намуда, муносибатҳои неку дӯстонаро бо онҳо густариш медиҳад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои миллатамон аст, ки дар хусуси бунёди ин шоҳроҳҳо гуфта буданд: «Рамзи тантанаи Ваҳдат ва таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатию миллӣ мебошад».
Ин ҷо лозим мешуморам танҳо як мисол орам. Маориф, тавре ки медонем, соҳаи тақдирсози миллат аст. Тули ин солҳо маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ сол ба сол афзоиш ёфтан гирифт ва аз 41 млн. сомонии соли 2000 дар соли таҳсили 2022-23 ба 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ сомонӣ расонида шуд. Садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта ба истифода супорида шуданд. Садҳо муассисаҳои тандурустӣ, иншооти дигари маишиву саноатӣ сохтаву мавриди истифода қарор мегиранд. Саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ қарор дода, шиори “Дар саноатикунонии кишвар саҳми босазо мегузорем,”-ро, ки сухани дили мост, парчами кору фаъолияти хеш қарор додаем.
Чун ба бунёдкориҳои беназире, ки ҳамасола дар тамоми минтақаҳои кишвари азизамон рух медиҳад бингарем ба қадри Ваҳдати миллӣ бештар хоҳем расид. Ва ҳамаи ин дастовардҳои азим, самар аз роҳбарии хирадмандонаи Пешвои азизу маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдигарфаҳмию ҳамбастагии миллат буда, сабаби боз ҳам шукуфоӣ ва пешрафти кишварамон гардидааст. Тараққиёти ҷомеа таи ин солҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ва рушд меёбад. Имрӯз моро зарур аст, ки дасти ҳам бигирему паи ободии ватан аз ҳарвақта дида бештар бикӯшем, ба қадри ғамхориҳои Сарвари кишварамон бирасем, ба халқу миллатамон софдилона ва содиқона хизмат намоем, бо сидқу самимият ва эӽтироми хоса баҳри Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бигӯем:
Номи туро нависем, эӣ Қаҳрамони вахдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.
Файзулло Наҷмиддиниён
вакили МН МО ҶТ
Бознашр аз www.parlament.tj