Баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе

Акс аз ВКХ ҶТ

Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 5 – 11 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, илова мекунад, ки дар натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.