Сомон бо Шодмон ва Беҳрӯз бо Маҳмадбек дар финали рӯзи дуюми Dushanbe Grand Prix 2023 бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд

Имрӯз, 3-юми июн дар рӯзи дуюми Dushanbe Grand Prix 2023 ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев дар финали вазни -81кг бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Бояд қайд намоем, ки мо дар рӯзи дуюми Dushanbe Grand Prix 2023 финали тоҷикиро мебинем.

Дар финали вазни -73кг бошад варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода бо ҷудокори тоҷиктабори Федератсияи Россия –Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ҳамчун варзишгари бетараф (IJF) Федератсияи байналмилалии ҷудоро намояндагӣ мекунад, нерӯсанҷӣ мекунад.

Ногуфта намонад, ки дар ин рӯзи рақобатҳо ҷудокорони дигари тоҷик Мавлуда Одинаева (-63 кг), Абубакр Шеров, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг) ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81кг) бидуни натиҷа мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023-ро ҷамъбаст намуданд.

                Сорбон Амонуллозода