Вазишгари тоҷик, Обид Ҷебов (дар вазни то 66) дар мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар шаҳри Душанбе баргузор шуда истодааст, медали тиллоро ба даст овард.
Зимнан, бояд зикр кард, ки ин аввалин нишони тилло барои Тоҷикистон дар Гран-прии Душанбе-2023 мебошад.
Ҳамчунин имрӯз Меҳрзод Сӯфиев (дар вазни то 60 кг) медали биринҷии ин мусобиқаро сазовор шуд. Варзишгари дигари тоҷик, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҳам (дар вазни то 60 кг), ки барои медалӣ биринҷӣ мубориза мебурд, натавонист онро соҳиб шавад. Муҳаммадсолеҳ Қуватов дар даври сеюм аз Туран Байрамов мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт ва он ҷо бо Родриго Лопес қувваозмоӣ мекунад.
Инчунин варзигари дигари тоҷик, Мадина Қурбонзодаи 15-сола (дар вазни то 48 кг) низ дар даври сеюм аз Баасанхуу Бавуудорҷи 23-сола аз Муғулистон мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт ва он ҷо бо Андреа Стоҷадинов аз Сербия сабқат мекунад
Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиён дар вазнҳои то 60 ва 66 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг ва 57 кг байни занон қувваозмоӣ намуданд.
Барои Аҳлия Муминова (52 кг), Фазилат Гулбоева (57 кг) ва Шоҳида Қаландарова (57 кг) мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 дар даври аввал бидуни натиҷа анҷом ёфт.
Имрӯз 12 варзишгари тоҷик бо рақибони худ аз давлатҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.