“Тоҷикистон”: Ҷавонон бояд фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро  ташхис карда тавонанд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи истифодаи босамари заминҳои кишт дар кишвар, баҳси ҳолатҳои бадрафторӣ нисбати донишҷӯён ва муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва боз ҳам нарху сифати интернет дар кишвар  матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 31 май мақолае бо номи “Ватандорӣ роҳи ҳамоври расидан ба ормонҳои миллист” чоп карда, навиштааст, ки яке аз василаҳои асосии баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳисоб меравад.  

Ба таъкиди муаллиф, қабули қонун  «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тақозои замон буда, ба таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат мекунад.  Аз сӯи бигар ба навиштаи муаллиф, қонуни мазкур масъулияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар заминаи ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бештар менамояд.

Дар баробари ин қонуни номбурда, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, соҳаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус, дар миёни наврасону ҷавонон, имконоти нав ба вуҷуд меоварад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Соҳибкорӣ. Қарсак аз ду тараф аст”  чоп карда, масъалаи аҳамияти рушди бахши хусусӣ дар кишварро баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, дар баробари пешравию субот дар бахши пешбурди соҳибкорӣ дар кишвар як қатор мушкилиҳо мавҷуданд. Аз ҷумла, меъёрҳои фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, рушди нокифояи бозори қарздиҳии дарозмуддат, сатҳи нокифояи донишҳои молиявӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорони ватанӣ ва ғайраҳо аз монеаҳои асосии рушди соҳибкории хӯрду миёна ва истеҳсолӣ дар кишвар арзёбӣ мегарданд. Муаллиф ёдовар мешавад, ки дар Тоҷикистон “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2023-2027” қабул шуд.

Барномаи мазкур маблағгузориро дар ҳаҷми 113 миллион сомонӣ пешбинӣ кардааст. Ҳадаф аз таҳияи Барнома таъмини шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, рақобатпазир намудани онҳо ва фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон унвон мешавад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлабе дигаре хабар додааст, дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон тими футболи вилоят таъсис мешавад. Гуфта мешавад, ки ахиран Алишер Мирзонабот раиси ВМКБ дар як машварати назоратӣ, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳол дар ин вилоят дастаи футбол вуҷуд надорад ва дар чемпионатҳо вилоятро ягон тим намояндагӣ намекунад. Бо назародошти ин Алишер Мирзонабот ба раҳбарияти Федератсияи футболи навташкили вилоят дастур дод, ки аз 1 июн аз ҳисоби ҷавонони корхонаҳои калонтарини вилоят дастаҳои футбол ташкил ва мусобиқаҳо ба роҳ монда шавад. 

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 май мақолае зери унвони “Риояи қонун маданият аст” чоп карда, менависад, ки яке аз масъалаи муҳиме, ки дар ҷомеаи мо амалӣ мегардад, ин пайваста таҳкиму такмил ёфтани фаъолияти мақомоти судист.

Ба гуфтаи муаалифи матлаб, агар дар мурофиа тақдири инсон ҳал гардад, аз ҷониби дигар, дар натиҷаи фаъолияти ӯ боварии ҷомеа нисбат ба суд инъикос мегардад. Бояд дар назар дошта бошем, ки ошкоро будани муҳокимаи судӣ, сари вақт ва холисона огоҳ намудани ҷомеа дар бораи фаъолияти судҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва яке аз воситаҳои таҳкими боварии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, ба таъкиди муаллиф, суд ҳангоми баррасии парванда ба шахсони иштирокчии парванда бартарият ва афзалият намедиҳад ва танҳо бояд дар асоси далелҳои мавҷуда санадҳои судии қонунӣ, қарори асоснок ва одилона қабул намоянд.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш мушкилоти як мактаби миёна дар ноҳияи Восеъро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, бинои кӯҳна, синфхонаҳои тангу торик, норасоии мизу курсӣ, набудани толори варзишӣ, кабинетҳои фаннӣ ва хонаи омӯзгорон мушкилоти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и деҳаи Дар­найчии ноҳияи Восеъ ба шумор мераванд.

Муассисаи таълимӣ аз маркази ноҳия 30 километр дур буда, дар он 507 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд. Ин мактаб соли соли 1959 бунёд гардида, то имрӯз боре пурра таъмир нашудааст. Албатта, қабл аз оғози соли нави хониш муассиса таъмири ҷорӣ мешавад, аммо он мушкили ҷойдоштаро бартараф карда наметавонад.

Гуфта мешавад, ки баъди боздиди хабарнигори “Садои мардум” аз мактаби мазкур, шуъбаи маорифи ноҳияи  Восеъ  20 мизу курсӣ ва 2 тахтаи электронӣ барои хонандагони муассиса фиристодааст. Аммо мушкили мазкурро бо таъмири ҷорӣ ва чанд мизу курсӣ наметавон бартараф сохт, хулоса кардааст муаллиф.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 31 май бо нашри матлабе ин саволро матраҳ кардааст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи иттилоъ ва оё дашному таҳқир аст?

Ба андешаи муаллиф дар ҳоли ҳозир шабаҳои иҷтимоӣ ҷойгоҳи расонаҳоро танг карда, ба манбаи асосии дарёфти иттилоот барои ҷомеа табдил шудаанд. Як таҳқиқот нишон додааст, ки ба ҳисоби миёна дар тамоми кишварҳо корбарон 50%-и хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт мекунанд. Дар робита ба Тоҷикистон бошад гуфта мешавад, ки 53,5% дарсади истифодабарандагони интернет дар кишвар ҳар рӯз вориди шабакаҳои ҷитмоӣ мешаванд.

Дар ин замина муаллиф аз таъсири ахбори бардурӯғ ё худ фейкҳо дар шабакаҳои ҷитимоӣ ба афкори ҷомеа, бахусус ҷавонон изҳори нигаронӣ кардааст. Роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз ин асароти номатлуб боло бурдани саводи расонаии ҷавонон, рушди тафаккури таҳлилӣ ва санҷиши дурустии ахбор аз сӯи корбарон ва боло бурдани ҷаҳонбиниву маърифтаи таҳаммулпазирии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дониста мешавад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 1 июн бо нашри мақолаи таҳлилие, ин саволро матраҳ кардааст, ки оё Тоҷикистон имкон дорад бо истеҳслоти дохилӣ талабот ба равғанро таъмин кунад?

Муаллиф менависад, ки Тоҷикистон ҳамасола барои хариди равғани растанӣ ҳудуди 170-180 млн. доллар масраф карда, ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ талаботи ҳамагӣ 15%-и аҳолиро қонеъ мекунад.  Дар ин замина таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар давоми се соли наздик ният дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро ба миқдори 20% зиёд карда, воридоти онро 6,5% кам кунад.

Ба гуфтаи муаллиф, дар ҳоли ҳозир дар дохили Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шуда, 98 ҳазор тоннаи ин маҳсулот аз хориҷа ба  кишвар ворид мешавад.

Хулосаи муаллиф ин аст, ки барои истеҳсоли 160 ҳазор тонна равған қариб 800 ҳазор тонна ашьёи хом – тухмии зироатҳои равғандор лозим аст. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик барои қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти равғану чарбу воридот нақши асосӣ хоҳад бозид.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”