2 июни соли 2023 дар шаҳри Чолпон-Ата Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.
Дар мулоқот ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар баробари ин аз талошҳои муваффақона идома додани музокирот ва қабули қарорҳои дахлдор дар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳори ҷонибдорӣ карда шуд.
Сарони давлатҳо муҳимияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориии ду мамлакатро бори дигар тасдиқ карда, ҷонибдории худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳор намуданд.