Тибқи як қарори Раиси шаҳри Душанбе, ки ҳоло барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст, ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» изҳор доштаанд, ин иқдом бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт ба роҳ монда шудааст.
Нашри ин хабар ва роҳ ёфтани он ба шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтумони корбаронро атрофи ин мавзуъ ба вуҷуд овард. Дар хабар омадааст, ки тибқи қарори мазкур ба арзиши тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» чунин тағйиру иловаҳо ворид гардидааст: Тарофаи «Нимсола»-и категорияи хонанда — 150 сомонӣ, донишҷӯ — 200 сомонӣ, шаҳрванд — 300 сомонӣ; Тарофаи «Солона»-и категорияи хонанда — 200 сомонӣ, донишҷӯ — 350 сомонӣ, шаҳрванд — 500 сомонӣ.
Дар қисмати шарҳи ин хабар, ки дар як гуруҳи тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук бознашр гардид, нахустин шуда Муҳаммад Расулов, як истифодабаранда аз як муаммои ин тағйирот пурсон шудааст. Ў дар шарҳи худ навиштааст: «…истифодаи солонаи ситикорт, ки минбаъд барои шаҳрвандон 300 сомонӣ муқаррар мешавад, дар кадом навъи васоити нақлиёти мусофирбар нигаронида шудааст? Оё шаҳрванд ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба ҳамаи навъҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо истифода аз ин корт савор шавад?»
Ба эътиқоди Шоиста Сафарова, яке аз корбарон та йирот дар арзиши тарофаҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе барои истифодабарандагон гаронӣ пеш меорад. Ин бонуи корбар нигоштааст: Барои бартараф намудани мушкилоти нархи баланди роҳкиро танҳо сохтани метро дар шаҳри Душанбе муҳим аст»
Бобоҷони Шафеъ, рўзноманигор низ ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, дар шарҳи кўтоҳи худ аз гароншавии хизматрасониҳо пеш аз дастрас намудани маош бо иловаи 15 %-и иловашуда изҳори ташвиш кардааст.
Ин гуна вокунишҳои корбарон дар ҳолест, ки дар қарори мазкур ихтиёрӣ будани дастрасии кортҳои пластикии дорои тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» таъкид гардидааст ва тибқи навиштаи Маҳинбону Шарифӣ, яке аз огоҳон дар ин тарофаҳо баръакс имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Мавсуф чунин маънидод кардааст: «…Агар ба ҳисоби миёна истифодабарандаи корти донишҷӯ дар як сол 725 сомонӣ харҷ карда бошад, пас тавассути гузашт ба тарофаи Нимсола – 200 сомонӣ ва Солона – 350 сомонӣ хароҷот хоҳад кард.
Тарофаи мазкур то 40% хароҷоти солонаи донишҷӯро метавонад кам намояд» «Хоҳишмандам ба лоиҳа ва муҳтавои қарори мазкур амиқтару дурусттар назар кунед!» – хитоб ба корбарон иброз доштааст Маҳинбону Шарифӣ.
Саҳифаи фейсбукии Раёсати Фарҳанги Шаҳри Душанбе ҳам ба таваҷҷуҳи онҳое, ки аз муҳтавои ин қарор огоҳии комил надоранд, чунин навиштааст: «Баръакс роҳкиро арзон шудааст. Шумо дурустар ҳисобу китоб кунед! Бо 200 сомонӣ талабаи мактаб 1 соли дароз аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарад, ки ин 54 дирам дар як рӯз аст. Ё донишҷӯй бо 350 сомонӣ як сол рафтуомад мекунад, ки ин дар як рӯз 95 дирамро ташкил мекунад»
Далер Наврўзов, яке аз донишҷўён дар хотимаи баҳси мазкур ин нуктаро арзёбӣ намудааст: «Беҳтарин иқдом аз ҷониби шаҳрдорӣ! Ин аз ҳар ҷиҳат барои мо донишҷўён муфид ва дастрас мебошад!»
Дилшоди Муҳаммад, масъули
бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб”