Паёми тирамоҳ. Дар сентябр боришот зиёд мешавад

Аз  Агентии обуҳавошиносӣ  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки моҳи сентябр  ҳарорати ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз он  1 дараҷа баланд пешбинӣ шуда, даҳаи дуюм ва сеюми  моҳ ба амал омадани бориши борон дар назар аст.  

Бино ба иттилои манбаъ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва аз он  1 дараҷа  баланд пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар  водиҳо 20+23 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои вилояти Хатлон  шабона аз 12+17 то 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа  гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 33+38 дараҷа гармӣ дар назар аст.  Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, ҳаво дар водиҳо шабона 10+1 ва рӯзона  27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри муқаррарӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр дар водиҳо 0,5-5 мм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 4-9 мм). Боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ эҳтимол дар нимаи дуюми моҳ ба амал оянд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво тибқи меъёри муқаррарӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд шуда, ҳаво дар водиҳо 19+22 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+16 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Рӯзҳои алоҳида воридшавии кӯтоҳмуддати мавҷи ҳавои сард ва пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10+15 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ кам дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Боридани боронҳо бо раъду барқ эҳтимол дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ба амал ояд. Дар баъзе ноҳияҳо ҳангоми раъду барқ шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буда, 15+20 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Эҳтимоли бавуҷудоии бориши кӯтоҳмуддат дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пешгӯӣ шуда, миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр баланд пешбинӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои шарқии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона 1+6 ва дар баъзе ноҳияҳо то -3+2 дараҷа гарм шуда, рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад.  Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона то 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам буда (меъёр 2-10мм), бориш асосан дар нимаи дуюми моҳ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо шамол бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *