Аз 1 июн то 30 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2023» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти мазкур хабар доданд.
Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдор Ситоди вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2023» ташкил гардида, барои гузаронидани амалиёт гуруҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода мешавад.
Идораҳои марбута баҳри пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор вазифадор гардида, шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар миёни аҳолӣ чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва маърифатӣ мегузаронанд.