27 майи соли равон муовини Вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода аз шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод бо мақсади дар маҳал дида баромадани ҳолати зироатҳои кишоварзӣ, нашъу намои зироатҳо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон ва коркарди химиявии зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, рафти кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар сафар Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, Директори КВҶД “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода ва масъулини шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳангоми боздид ва мулоқот ба масъулин аз ҷониби муовини вазир Ҷаббор Носирзода оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи маводҳои истеъмолӣ, нашъу намои зироатҳо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон ва коркарди химиёвии зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, рафти кишти такрорӣ, обрасонӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.