Барои «Баруссия»-и Дортмунд бисёр бисёр дардовар аст, ки бузургтарин имконияте, ки шояд дар даҳсолаҳои зиёд барояш дигар имкон даст надиҳад, дуруст истифода карда натавонист ва имконияти қаҳрамоншавиро дар Бундеслигаи Олмон аз даст дод.
Агар дастаи «Баруссия»-и Дортмунд дар бозии охири мавсими имсолани Чемпионати Олмон дар баробари «Майнс» ғолиб мегардид, унвони қаҳрамониро дар Бундеслига ба даст меовард. Лекин бозии даври 34-уми Чемпионати Олмон пур аз лаҳзаҳои хотирмоне буд зеро, ки то сонияҳои охир «Бавария»-и Мюнхен ва «Баруссия»-и Дортмунд барои пирӯзӣ кӯшиш намуданд.
Бозӣ байни дастаҳои «Баруссия»-и Дортмунд ва «Майнс» бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 15-уми рақобат Ханче-Олсен кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Баъд аз гузаштани 4-дақиқа Аллер аз ҳайати Дортмунд метавонист, ки ҳисобро аз пеналтӣ баробар кунад, лекин имкониятро дуруст истифода карда натавонист. Дар дақиқаи 24-уми вохӯрӣ Онисиво голи дуюми меҳмононро ба самар расонида, ҳисоби бозиро дуболо кард. Қисми аввали бозӣ бо натиҷаи 0:2 бар суди меҳмонон ба поён расид. Дар қисми дуюми рақобат мизбонон талошу кӯшиши зиёд намуданд то, ки ба задани гол даст ёбанд. Ҳамин тариқ дар дақиқаи 69-уми рақобат Рафаел Геррейру гол ба самар расонида, ҳисобро 1:2 намуд. Мизбонон то анҷоми вохӯрӣ имкониятҳои голзании зиёд доштанд, аммо онҳоро дуруст истифода карда натавонистанд. Дар сонияҳои охири рақобат Зюле голи дуюми дастаашро ба самар расонида, ҳисобро 2:2 кард, лекин барои футболбозони «Баруссия»-и Дортмунд натиҷаи мусовӣ барои қаҳрамоншавӣ басандагӣ намекард зеро, ки дар бозии дигари ин давр бошгоҳи «Бавария»-и Мюнхен бо натиҷаи 1:2 муқобили «Кёлн» ғолиб гардид ва маротибаи 11-ум пайи ҳам унвони қаҳрамониро дар Олмон соҳиб шуд.
Бозӣ миёни дастаҳои «Кёлн» ва «Бавария»-и Мюнхен бо натиҷаи 1:2 бар суди шогирдони Томас Тухел хотима ёфт ва дастаи шаҳри Мюнхен дар тахти шоҳии Бундеслига боқӣ монд. Голҳоро дар ин вохӯрӣ аз ҳайати дастаи ғолиб Коман ва Мусиала ба самар расониданд. Ягона голи дастаи «Кёлн»-ро бошад Любичич вориди дарвозаи Мюнхениҳо намуд. Ҳамин тавр бошгоҳи «Бавария»-и Мюнхен маротибаи 33-юм ғолиби Бундеслигаи Олмон гардид ва дастаи «Баруссия»-и Дортмунд боз ангушти ҳайрат мегазад.
Сорбон Амонуллозода