25 майи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад ва роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳии Шветсия, ҳамчунин роҷеъ ба имкони густариши робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо мубодилаи афкор намуданд.
Подшоҳии Шветсия дар нимсолаи якуми соли 2023 раисии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад.