Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 26-27-уми майи соли равон бар асари боронҳои шадид сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло меравад. Дар баъзе навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон омадани селҳо, резиши санг ва ярч эҳтимол дорад.
Боронҳои шадид дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ метавонанд сабабгори шуста шудани хок ва ҳаракати он шаванд. Ҳавои номусоид чорвочарониро дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ба мушкил рӯбарӯ хоҳад сохт.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад тадбирҳои амниятиро риоя кунанд. Дар чунин рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо ба қасди ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои дорувор, занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд ва чорвочаронӣ маслиҳат нест.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад бештар ба кӯдакон диққат диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд.
Кумита ҳамчунин рафтан ба назди махзанҳои об бо мақсали моҳидориро ҳам маслиҳат намедонад.
Бо мақсади пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел Кумита тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯйборҳо, селроҳаҳо ва каналҳои гурду атрофи худро аз ҳар гуна селовардаҳо тоза кунанд, то об ба маҷрои худ бе мамониат ҷорӣ шавад ва боиси харобиҳо дар киштзор ва ҳавлиҳову хонаҳои мардум нашавад.
Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳамеша ба эълону хабарҳои КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намоянд.