24 майи соли равон намояндаи Шӯрои байналмиллалӣ оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои тамошобоб (ИКОМОС) қароргоҳаш дар Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва коршиносони Институти байналмиллалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) дар ҳайати О. Вилекис, Н. Айтуган, М. Гурулев идомаи корҳо дар пешбурд ва коркарди силсиланоминатсияи “Ҳулбук – Хуттали қадим” ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, ҳайати коршиносони байналмилалиро Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба ҳузур пазируфта, дар вохӯрӣ роҷеъ ба анҷоми корҳо, иқдомоти минбаъдаи корҳо сӯҳбатҳои муфид анҷом доданд.
Коршиносони байналмилалӣ аз ИКОМОС ва ИБТОМ дар робита ба шиносоӣ аз объектҳо ва ҳуҷҷатнигории объектҳои таърихию фарҳангии ба номинатсия шомилшаванда изҳори андеша ва муҳокима карданд. Она Вилейкис оид ба пешбурди номинатсияҳои ҷониби Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ибрози назар карда, аз пешрафт ва дастовардҳои ин интизори Тоҷикистон дар моҳи сентябри имсол ишора намуд. Ёдовар мешавем, ки коршиносони байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи сафари худ аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии Восеъ, Фархор, Данғара, Мӯъминобод, Ховалинг, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд боздид ба амал меоранд.