Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Москва таҳти раёсати Президенти Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Владимир Путин баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор доштанд, ки давлатҳои аъзо ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва мамлакати мо дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Ҳаҷми умумии гардиши мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои номбурда ҳамасола тамоюли афзоиши босуботро касб намудааст. Ҳамин аст, ки ҳиссаи давлатҳои Иттиҳод дар тиҷорати хориҷии ҷумҳурии мо дар соли 2022 зиёда аз 42 фоизро ташкил дода, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд.

Бо таъкиди алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳод Сарвари давлати мо бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва гидроэнергетикаро ба ҳайси яке аз манбаъҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва заминаи калидии рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун самтҳои барои ҷонибҳо манфиатовари ҳамкорӣ номбар намуданд.

Дар фарҷоми сухани худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои умумӣ авлавияти амалҳои мо дар сатҳи минтақавӣ муайян гардидааст ва Тоҷикистон онро минбаъд ҳам рӯйи кор хоҳад гирифт.