Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Насими дӯстӣ” маҳфили эҷодӣ ва Фестивали мусиқии касбӣ аз эҷодиёти композиторони шинохтаи Ӯзбекистон баргузор шуд.
Фестивали мазкур бахшида ба оғози ҳамкориҳои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар замони соҳибистиқлолии ҳар ду кишвар бо иштироки “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн доир шуд.
Дар он намояндагони аҳли фарҳанг ва ҳунари ҳар ду кишвар иштирок карданд.