25 майи соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд Ғафурҷон Мухамедов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои мухталиф, махсусан илму маориф табодули афкор намуданд. Инчунин мусоҳибон аз аҳамияти Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки 14 марти соли ҷорӣ таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» баргузор шуда буд, махсус қайд карданд.
Аснои мулоқот ҷонибҳои ҷиҳати барқарор намудани ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Чирчиқ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон андешарони карданд.
Дар идома Сафир бо устодон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи мазкур вохӯрӣ доир намуд.
Дар суҳбат А. Раҳмонзода роҷеъ ба наздикии таъриху фарҳанг ва оинҳои миллии тоҷикон ва ӯзбекон андешаронӣ намуд. Ҳамчунин роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯз то рӯз тақвият ёфта истодаанд, ибрози андеша кард.
Дар фарҷоми мулоқот бастаи адабиётҳои гуногун бо забони тоҷикӣ ба китобхонаи Донишгоҳ тақдим гардид.