Бозиҳои даври сеюми 4-умин Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода доир шуд. Бозиҳо рӯзи 24-уми май баргузор гардид. Дар ин давр мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода муқобили мунтахаби то 20-солаи Туркманистон бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст овард. Дар бозии даври дуюм мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистон бо натиҷаи 1:1 мусовӣ бозӣ карда буд.
Дар бозии дигар мунтахаби то 20-солаи Эрон бо ҳисоби 4:1 муқобили Афғонистон ғолиб гардид. Дар бозии аввал Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 муқобили Эрон пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Пас аз бозиҳои даври сеюм мунтахаби то 17-солаи Ӯзбекистон бо касби 6-имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа мавқеъ гирифтааст. Дастаи наврсони Тоҷикистон бошад бо 4-имтиёз дар зинаи дуюм ва Афғонистон бо 4-имиёз дар зинаи сеюм ҷойгиранд.
Бозиҳои даври 4-уми Чемпионати CAFA-2023 рӯзи 26-май баргузор мешаванд. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар ин давр бо тими Ӯзбекистон дидор анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Дар баробари ин, дар варзишгоҳи «КМВА»-и шаҳри Душанбе бозии дастаҳои Эрон ва Туркманистон сурат мегирад.
Сорбон Амонуллозода