24 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақоми ваколатдор вохӯрии субъектҳои хизматрасони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон,аз ҷумла КВД “Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”- и назди Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҶДММ “Шумон-тур”, ҶДММ “Зигана –тур” ва ширкатҳои сайёҳии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ аз ҷумла, сайёҳии зиёратиро баррасӣ ва муҳокима намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ мешаванд.
Имрӯзҳо дар заминаи созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва созишнома байни ҳукуматҳои ҳарду давлат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ гурӯҳҳои зиёди сайёҳони тоҷик аз Узбекистон ва баръакс боздид менамоянд.
Дар интиҳо бо мақсади тақвияти робитаҳо созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ байни ширкатҳои мазкур ба имзо расонида шуданд.