Размкори шинохтаи тоҷик Муин Ғафуров (18-4) бо UFC шартнома баст ва вақти баргузории рақобати аввалинаш ҳам муайян гардидааст. Муин рақобати дебютиашро рӯзи 4-уми июн дар UFC анҷом медиҳад.
Дар рақобати аввалинаш Муин бо Ҷон Кастанеда (19-6) аз кишвари Амрико рақобат мекунад. Набарди размкорон субҳи 4-уми июн дар толори «UFC Apex»-и шаҳри Лас-Вегас баргузор мегардад.
Бояд қайд намоем, ки Муин сеюмин размкори тоҷик мебошад, ки бо UFC шартнома бастааст. Қаблан, Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов бо ин ташкилоти бонуфуз шартнома баста буданд, ки дар рақобатҳои аввалинашон ғолибият ба даст оварданд.
Сорбон Амонуллозода