Рузи 22 майи соли 2023 бо дастгирии Асостузори сулҳу вахдату миллӣ, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СҲШ таҳти раёсати Маркаҳи тадқиқоти стратегии назди Презиленти ҶТ Форуми ХVllll-уми Созмони Ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз намуд.
Форуми Созмони Шанхай механизми бисёрҷонибаи машваратӣ- экспертии ҷамъиятӣ мебошад, ки барои мусоидат ва дастгирии илмӣ- таҳлилии фаъолияти СҲШ, рушди ҳамкории марказҳои илмӣ-тадқиқотии давлатҳои аъзои CҲШ, гузаронидани тадқиқоти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами доираи созмон, тавсеаи табодули афкор байни олимон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсат, аминят, иқтисод, иҷтимоиёт, экология, технологияи нав ва ғайра равона шудааст.
Форуми мазкур соли 2006 таъсис дода шуда, аз ҳар кишвари узв як маркази муҳими таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар Форум ҳар сол як маркази миллии таҳлилии кишвари узв ба дӯш мегирад. Форумро аз номи Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Ҷумхурии Тоҷикистон қаблан ду маротиба солҳои 2010 на 2016 дар Форум раисӣ дошта, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир намуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки мақоми раисӣ дар Форуми СХШ соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хоричии Федератси Русия ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд ва имсол сеюмин давраи раисии Тоҷикистон дар Форуми СХІШ мебошад.
Дар Форум роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказ ва муссисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтакавии зиддитеррористии СҲШ ширкат доранд.