Ҷаган Чапагайн, котиби генералии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъияти Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар сафари кори аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кард. Дар ҷараёни боздид аз Тоҷикистон ҷаноби Чапагайн бо кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ намуд.
Ҷагайн Чапагайн зимни ошноӣ бо фаъолияти кории Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон имконияти тақвияти ва рушди ҳамокриҳоро баррасӣ намуд. Бояд гуфт, зимни вохурӣ бо ниҳодҳои давлати масоили мутобиқшавии ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ, мусоидат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва оид ба густариши ҳамкориҳо бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва нақши ёрирасони он барои мусоидат ба амалҳои маҳаллӣ бартараф кардани осебпазирӣ зимни ҳолатҳои фавқулода, беҳдоштӣ, дипломатияи башардӯстӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои башардӯстӣ баррасӣ гаштанд. Ҷаноби Ҷаган Чапагайн аз минтақаи Бохтар боздид карда, ҳамкории созмонашро дар навоҳии вилояти Хатлон нақшагузорӣ намуд.
Ҷаноби Чапагайн бо хабарнигори Радиои Тоҷикистон аз фаъолияти кори худ ва созмонаш суҳбат карда, аз ҳамкориҳои Салиби Сурх бо кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти мукаммале пешниҳод кард.
Дар ҷараёни гуфтугӯ Ҷаган Чапагайн, котиби генералии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар бораи ҳамкориҳои созмонаш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат карда, гуфт ки ҷамъияти мазкур омода аст дар сурати сар задани мушкилоти табиӣ, мисли селравиҳои бузург, ки боиси талафоти моддию ҷонӣ мегардад, кумаки худро ба зарардидагон оҷилона расонад.