Ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати бошгоҳи футболи «Персеполис» унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Дар даври охири Чемпионати Эрон дастаи «Персеполис» дар меҳмонӣ бар «Нассоҷии Мозандарон» бо ҳисоби калони 4:0 пирӯз ғолиб омад. Дастаи Ваҳдат Ҳанонов дар 30-бозӣ 66-имтиёз ба даст оварда, ғолиби Чемпионати Эрон гардид. Дастаи «Сипоҳон» бо касби 65-имтиёз соҳиби медалҳои нуқра ва дастаи «Истиқлол» бо 62-имтиёз барандаи нишони биринҷӣ шуданд.
То анҷоми мавсими Чемпионати Эрон ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати дастаи «Персеполис» 10-бозӣ анҷом дода, як гол ва як партофти головарро ба номаш сабт кардааст.
Сорбон Амонуллозода