Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия муаррифӣ шуд

Имрӯз дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ бо намояндагони мақомоти сайёҳии вилояти Тюмен, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Тюмени Федератсияи Россия вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ба иттилоии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи асосии вохӯрии мазкур ин муҳокимаи нақшаҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Тюмен, тавсеаи ҳамкориҳои мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳони Россия ба Тоҷикистон мебошад.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон рӯнамо оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ба намояндагони соҳаи сайёҳии Тюмен манзур карда шуд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари амну осоиш буда, барои қабули сайёҳон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст ва дар ин замина даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ 5 адад ёддошти тафоҳум байни ҶДММ “Тревл” ва осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии кишвар ба имзо расонида шуд.