Дар доираи бозиҳои даври 10-уми Чемпионати Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои лигаи олӣ, бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз нокомии «Эсхата»-и Хуҷанд истифода карда, дар садри ҷадвали мусобиқот мавқеашро мустаҳкам кард.
Дар доираи бозиҳои ин давр дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот» бо ҳам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби калони 5:0 бар нафъи мизбонон хотима ёфт.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов ду маротиба, Эҳсони Панҷшанбе, Шервони Мабатшоев ва Алишер Ҷалилов ба самар расониданд.
Дастпарварони Игор Черевченко баъди ин пирӯзӣ шумораи имтиёзҳояшонро ба 20 расониданд. Дастаи «Эсхата» аз пешсафи ҷадвал 4-хол кам дорад. «Равшан»-и Кӯлоб пас аз пирӯзӣ бар «Файзканд» боз ба зинаи сеюм баромад.
Сорбон Амонуллозода