Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон, аз ҷумла сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин, рушди зерсохтҳои нақлиётӣ дар солҳои соҳибиқтистиқолӣ дар кишвар, тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Душанбе ва Теҳрон ва дастовардҳои варзишии Тоҷикистон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 май аз ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин ахбори муфассал нашр кардааст.
Бахусус таъкид мешавад, ки дар дидори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин мулоқот Ҷин Лисун аз ҷудо кардани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон хабар дод.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин 18 май дар мақолаи таҳилилие масъалаи ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба кишварро баррасӣ кардааст. Муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки ба гуфтаи коршиносони соҳавӣ, барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба кишвар мавқеи номусоиди ҷуғрофӣ – дур будан аз бозорҳои анъанавӣ, мавқеи сарбастаи ҷуғрофии кишвар, бозори дохилии маҳдуд ва фоизҳои баланди қарздиҳӣ ва ғайраҳо. Иқтисодшиносон бар он назаранд, ки барои афзоиш додани сармояи хориҷӣ дар иқтисоди миллӣ бояд такмили минбаъдаи қонунҳо ва механизмҳои татбиқи онҳо амалӣ шаванд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки сокинони ноҳияи Рӯшон дар хизматрасонии нотариалӣ бо мушкилот мувоҷеҳанд. Сухан сари он аст, ки имрӯз дар ноҳия идораи нотариалӣ куллан вуҷуд надорад ва сокинони ин ноҳия барои дарёфти чунин хизматрасонӣ сарсону саргардон мешаванд.
Дар ҳамин ҳол сардори раёсати адлияи вилоят Алихониён Қаландар гуфтааст, ки аз моҳи июли соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон аз сабаби ба синни ниҳоии нафақа расидани нотариуси ноҳия номбурда аз кор озод шуда, фаъолияти идораи нотариалии давлатӣ муваққатан қатъ карда шудааст.
Муаллиф дар ин замина пурсидааст, масъулони соҳа, ки аниқ аз синни соли нотариуси ноҳияи Рӯшон огоҳӣ доштан, барои чӣ то ба нафақа гусел намуданаш ба ҷойи ӯ мутахассис омода накардаанд?
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 17 май дар мавриди рушди соҳаи нақлиёт дар кишвар бо Раҳим Бобозода муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон мусоҳиба кардааст.
Ба гуфтаи Бобозода дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллиарду 238,7 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои автомобилгард, 42 пул, 4 долони зиддитармавӣ, 2 эстакадаи дусатҳа, 2 сесатҳа бунёд шуда, 296 техникаю таҷҳизот барои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо харидорӣ гардид.
Инчунин номбурда таъкид кардааст, ки дар кишвар айни замон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки фармоишгари онҳо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мебошад, ба маблағи 10,7 миллиард идома дорад. Инчунин дар ояндаи наздик татбиқи 19 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 770,1 миллион доллар дар соҳаи нақлиёт дар Тоҷикситон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла Раҳим Бобозода хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони метрои рӯизаминӣ ба масофаи 10.5 км аз аз дарвозаи Ҷанубӣ то Сирки давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумора рӯзи 17 май хабар додааст, ки рӯзи 15 май дар Душанбе ҷаласаи 10 — уми Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа аз ҷумла масъалаи асароти тағйирёбии иқлим барои кишварҳо баррасӣ шуд.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон дар ин ҷаласа гуфт, ки Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози тағйирёбии иқлим осебпазир буда, обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба аҳолӣ ва манбаъҳои об таҳдид мекунад. Мувофиқи омори расмӣ, тайи 10 соли охир зарари офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 600 миллион долларро ташкил дод ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хисороти солона аз тағйирёбии иқлим аз 50,4 миллион доллари солҳои 2016-2020 метавонад то ба 132,3 миллион доллар дар соли 2030 афзоиш ёбад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 17 май дар матлаби таҳлилие рушди муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистонро бо ду қудрати ҷаҳонӣ – Чин ва Русия баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин мақола навиштааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия бо дарназардошти воқеияти имрӯза тамоюли рӯшани рушду густариши тадриҷӣ доранд. Хусусият ва дурнамои ҳамкориҳо ба мо имкон медиҳад, ки ба ояндаи муносибатҳоямон, ки бо саъю кӯшиши муштараки ду кишвар ба сатҳи нави амиқтари рушд расида истодаанд, хушбин бошем, ки ба манфиатҳо ва иқтидори давлатҳои мо мувофиқат мекунад.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф Чин шомили сегонаи шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва аз соли 2013 мақоми шарики стратегиро дорад. Бо назардошти ин барои Тоҷикистон ҳамкориҳо дар соҳаи рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва фанновариҳои электронӣ бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти зарфияти лозим дар Чин манфиатовар аст. Барои ин зарур аст, ки барномаи хоси мувофиқсозии Стратегияи миллии Тоҷикистон ва тарҳи «Як камарбанд — як роҳ» таҳия шавад.
Ба хулосаи муаллиф Русия ва Чин қасд доранд ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, аз қабили СҲШ, БРИКС ва «бистгонаи бузург» таҳким бахшанд. Барои Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СҲШ ин омил баҳри ҳамкорӣ бо дигар аъзои ин созмон ва таҳкими иқтисод имкониятҳои нав мекушояд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 18 май масъалаи парвариши дарахти тут дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Муаллиф аз қавли Нурмаҳамад Камолов ходими илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон навиштааст, ки тут ба унвони дарахти мевадиҳанда дар кишвар баъди солҳои 50-уми қарни гузашта мавқеи худро аз даст дод. Зеро бо рушди кирмакпарварӣ бештар дарахтони тут барои гирифтани баргашон парвариш мешуд.
Дар ин замина гуфта мешавад, ки айни замон дар Тоҷикистон барои парвариши навъҳои серҳосили тут диққати ҷиддӣ дода намешавад, дар ҳоле ки аз меваи тут метавон чанд намуди маҳслуоти ғизоӣ омода кард. Дар баробари ин дарахти тут ба ҳисоби миёна аз 300 то 500 сол умр мебинад, ки чандин насл метавонад аз меваҳои он истифода кунанд.
Зиёратшои АҲМАДШО,
радиои “Тоҷикистон”